Сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон таъин шуд. Ӯ кист?

Иззатуллозода Ҳабибулло сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон таъин карда шудааст. Ӯ то расидан ба ин мақом сардори Раёсати молияи шаҳри Бохтар буд.

То 17-уми ноябри соли 2021 Назарзода Бахтиёр сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон буд, ки бо фармони Президенти кишвар иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб таъин карда шуд. Аз он замон то имрӯз касе ба вазифаи сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон таъин нашуда буд.

Аз Иззатуллозода Ҳабибулло мутахассиси хубу варзидаи соҳаи иқтисодӣ ном бурда мешавад. Бисёриҳо дар ин ниҳод бар ин боваранд, ки баъди таъини ӯ ба роҳбарии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон бисёре аз мушкилиҳои соҳа, аз ҷумла қафомонии пардохти музди меҳнат ва қарздорӣ аз байн бардошта мешавад.

Соли сипаригардидаи 2021 дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қафомонӣ ва қарздорӣ аз музди меҳнат ҷой дошт, ки аз мушкилоти меҳварии ин ниҳод гуфта мешуд.

Иззатуллозода Ҳабибулло соли 1970 дар ноҳияи Темурмалик (Совети собиқ) ба дунё омадааст. Соли 1998 баъди хатми донишгоҳ аз мутахассиси оддии шуъбаи даромадҳои давлатии Раёсати молияи шаҳри Бохтар фаъолиятро шуруъ кардааст. Аз соли 2010 то соли 2019 ҳамчун сардори шуъбаи хазинадорӣ — муовини сардори Раёсати молияи шаҳри Бохтар фаъолият кардааст. Аз соли 2019 то сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон таъин шуданаш сардори Раёсати молияи шаҳри Бохтар буд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *