Тоҷике, ки дар Эрон ҳамлаи террористӣ анҷом дод, кист?

Шаҳрванди Тоҷикистон Раҳматулло Наврӯзов ба даст доштан дар ҳамлаи террористии рӯзи 13-уми август дар мазори Шоҳи Чароғ, дар шаҳри Шерози Эрон айбдор мешавад. Дар ин бора як расонаи Эрон дар такя ба манобеи худ дар ниҳодҳои амниятӣ хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки Раҳматулло Наврӯзов давоми се моҳ дар як урдугоҳи созмони террористии ДОИШ дар Афғонистон машқ гирифтааст.

Ба иттилои манобеи “Тасним”, Раҳматулло Наврӯзов бо лақаби “Салмон Асламёр” бо ҷангҷӯёни ДОИШ вориди мукотиба шуда, тавассути Интернет ба сафи ин созмони террористӣ ҷалб шудааст.

Сипас Раҳматулло Наврӯзов ба Туркия рафта, ба ДОИШ савганд супурда, узви ин созмони террористӣ шудааст. Ҷавони тоҷикро ҷангҷӯён баъди ин ба як урдугоҳи ДОИШ ба Афғонистон фиристодаанд ва ӯ дар онҷо се моҳ машқ гирифтааст.

Баъди анҷоми тамринҳо вориди Эрон шуда, дар ҳамлаи рӯзи 13-уми август ба мазори Шоҳи Чароғ иштирок кардааст.

То ҳол бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамлаи 13-уми август мақомоти Эрон 11 нафарро дастгир кардаанд. Дар байни онҳо хориҷиён ва эрониҳо низ ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *