Панҷакент: Куҳгарди осебдидаи хориҷӣ наҷот ёфт

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар аз наҷот ёфтани боз як куҳгарди осебдидаи хориҷӣ хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, яке аз 6 нафар куҳгардон аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Литва ҳангоми боло шудан ба кӯҳи Фон, дар минтақаи Кӯли Аъло, воқеъ дар қаламрави шаҳри Панҷекенти вилояти Суғд осеб дидааст. Ӯ Томас Прапуоленис ном дошта, 50-сола будааст. Ба эҳтимоли зиёд дар ин ҳодиса пояш шикаста бошад.

— Барои расонидани кумаки фаврӣ ба ҷойи ҳодиса дастаи махсуси наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Зарафшон дар ҳайати 6 нафар эъзом шуд. Имдодгарон бо ҳама таҷҳизоти куҳгардӣ мусаллаҳ ба баландие, ки куҳгардон нишон дода буданд, равона шуданд. Ба ҷойи ҳодиса расида, наҷотдиҳандагон ба Томас Прапуоленис аввалин ёрии тиббиро расониданд ва ба занбари махсус хобонидаву оҳиста-оҳиста аз боло поин шуданд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки куҳгарди осебдида баъди анҷоми амалиёти наҷот дар Беморхонаи марказии шаҳри Панҷекент бистарӣ карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *