“Тоҷикфилм” ба Ҳинустон меравад
Ду филми тоҷикӣ — «Дов»-и Муҳиддин Музаффар ва «Охирин сайди сайёд»-и Муҳаммадрабӣ Исмоилов дар шаҳри Мумбай ба намоиш гузошта мешаванд.
Аз 27-ум то 31-уми январи соли 2023 дар шаҳри Мумбайи Ҷумҳурии Ҳиндустон Синамоҷашнвораи байналмилалии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баргузор мегардад.
Тибқи иттилои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, директори он Маҳмадсаид Шоҳиён дар чорабинии сатҳи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ ва намояндагӣ карда, ба ҳайси довар дар бахши озмунии синамоҷашнвора иштирок менамояд.
Фестивали синамо бо ҳадафи барқарории ҳамкориҳо таъсис ёфта, ҳамчун василаи фарҳангҳои мухталифи кишварҳои узви СҲШ хидмат мекунад. Филмҳое, ки дар синамоҷашнвора намоиш дода мешаванд, имконияти хубе барои алоқамандони синамо фароҳам меоранд, то бо фарҳангҳои гуногун ошно гарданд.
СУМАН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ