Анзурат Абдусаломзода

Тағйироти кадрӣ дар Хатлон. Раҳимзода рафту Абдусаломзода омад

Анзурат Абдусаломзода сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъин шудааст. Ӯ дар ин мақом Раъно Раҳимзодаро иваз кардааст.

Имрӯз, 26-уми январ бо қарори Давлаталӣ Саид — иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон таъин шудааст. Ӯ то расидан ба ин мақом муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буд.

Анзурат Абдусаломзода дар гузашта дар вазифаҳои муовини сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон ва муовини раиси ноҳияи Шаҳритус кор кардааст.

Раъно Раҳимзода, ҳамакнун собиқ сардори ин раёсат бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифа озод шудааст. Раъно Раҳимзода як замон ба ҳайси раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҳам фаъолият кардааст.

Ҳамчунин, дар ин рӯз Гуландом Азимзода бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи мудири шуъбаи назорати дастгоҳи раиси вилояти Хатлон озод шудааст. Ҳоло маълум нест, ки ба ҷойи ӯ киро таъин кардаанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *