Тоҷикистон: 1 милион нафар аз фарбеҳӣ азият мекашад   

Дар Мачлиси намояндагони Точикистон ахиран раванди иҷрои барномаи пешгирии фарбеҳи ва ташаккули ғизои солим барои солҳои 2019-2024 барраси шуд.

 Дар ин муҳокимаи парлумони вакилон аз тамоюли афзоиши фарбеҳи миёни аҳолии Точикистон изҳори нигарони карданд. Тибки маълумоти Созмони ҷахонии тандурусти тайи 10 соли охир афзоиши фарбеҳи дар тамоми кишвархо аз чумла дар Тоҷикистон зиёд ба назар мерасад. Феълан тибқи маълумоти омори бемории фарбеҳи миёни аҳолии кишвар 11,3 дар сад буда барои пешгирии ин раванд барномаи махсус амал мекунад.

 Бояд гуфт, ки Созмони чахонии бехдошт фарбехиро хамчун хамагирии чахони эълон карда, иттилоъ медихад, ки дар чахон хар сол 2,8 милион нафар бинобар доштани вазни зиёдати ё худ фарбехи мефавтанд.

Тибки маълумоти ин созмон ЧТ дар фехристи чахонии мизони густариши фарбехи дар зинаи 128-ум карор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *