Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал ба анҷом расид.

Дастаи «Истиқлол» дар бозии панҷуми силсилаи ниҳоӣ бар дастаи «Соро компания» бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, аввалин маротиба чемпиони Тоҷикистон шуд.

Ҳамин тариқ, «Истиқлол» ғолиби Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал гардид. Медалҳои нуқра насиби бозигарони «Соро компания» шуданд.

Дастаи «Амонатбонк» барандаи медали биринҷии чемпионат шуд. Дарвозабони «Истиқлол» Фирӯз Бекмуродов беҳтарин дарвозабони бозии ниҳоӣ эътироф гардид.  Ҷоизаи беҳтарин ҳимоятгар ба легионери эронии «Соро компания» Муҳсин Муҳаммадзода супорида шуд. Беҳтарин бозигари вохӯрии панҷуми силсилаи ниҳоӣ муаллифи голи пирӯзиовар- ҳимоятгари дастаи «Истиқлол» Раҳмоналӣ Шарифов дониста шуд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *