Тоҷикистон аз Бозиҳои тобистонаи олимпӣ соҳиби се медал шуд

Муштзани шинохтаи тоҷик Давлат Болтаев медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпиро ба даст овард.

Ӯ шоми 4-уми август дар вазни 92 кило барои расидан ба финал бо варзишгар аз Узбекистон Лазизбек Муллоҷонов вориди сабқат шуд, аммо бохт.

Давлат Болтаеви 25-сола дар даври аввали баромадаш намояндаи Гурҷистон Георгий Кушиташвилиро шикаст дода буд.

Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ ӯ Ҷек Марлии ирландиро зад ва бо шикаст аз намояндаи Узбекистон аз идомаи рақобат маҳрум шуд.

Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин ширкати Болтаев дар Бозиҳои олимпӣ мебошад ва ӯ аз аввалинҳое буд, ки роҳхат ба ин мусобиқаро дарёфт карда буд.

Бояд гуфт, ки ҳайати кишвар дар мусобиқа се биринҷӣ дорад, ки дутои онро Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов аз риштаи ҷудо ба даст оварданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *