Тоҷикистон аз Русия ба миқдори рекордӣ моҳии яхнӣ гирифт

— Аз Новосибирск ба Тоҷикистон миқдори рекордии моҳии яхнӣ фиристода шудааст,- менависад BFM бо истинод ба “Росселхознадзор”.

Гуфта мешавад, ки ширкатҳои Новосибирск ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 207,6 тонна моҳии яхнӣ содирот кардаанд. Ин нишондод танҳо марбут ба моҳи ҷорӣ будааст.

Дар моҳи августи соли 2022 корхонаҳои минтақа ба панҷ кишвар маҳсулот фиристодаанд. Танҳо дар давоми як ҳафта — аз 15 то 21-уми август аз вилояти Новосибирск ба хориҷа зиёда аз 250 тонна чунин маҳсулот фиристода шудааст.

Илова бар ин, дар гузориши бахши вилоятии “Росселхознадзор” содироти моҳии Русия ба Олмон номбар шудааст. Истеҳсолкунандагони Русия ба ин кишвар 17,1 тонна моҳии яхнӣ фурӯхтаанд.

Қаблан маълум шуда буд, ки тавлиди моҳӣ дар Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли 2022 афзоиш ёфтааст. Моҳии сайдшуда зиёда аз 1,4 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,1 фоиз зиёд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *