Даъвати Донишгоҳи давлатии Данғара аз собиқ ректорҳо

Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара собиқ ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва дилхоҳ шахсони муваффақи соҳиби дараҷа ва унвони илмидоштаро барои ҳамкорӣ даъват кардааст.

— Зимни пешниҳоди мазкур бо арзи эҳтиром собиқ ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро, ки солиёни дароз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат роҳбарии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро ба уҳда доштанд, таҷрибаи муосири кор ва фаъолият зимни тарбия намудани мутахассисони замони муосир, инчунин дар ҳамкорӣ бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон дар раванди таълиму тарбия, навгониҳои педагогӣ, тарз ва усули роҳбариро ҷорӣ намудаанд, барои ҳамкориҳои судманд дар доираи имкониятҳои ҷойдошта ба Донишгоҳи давлатии Данғара даъват менамоем,- зикр мекунад Раёсати ДДД.

Ҳамзамон, Раёсати донишгоҳ хоҳони ҳамкорӣ бо дилхоҳ олимоне гардидааст, ки соҳиби дараҷа ва унвони илмӣ мебошанд ва мехоҳанд бо Донишгоҳи давлатии Данғара ҳамкорӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *