Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 давлат раводидро бекор кард

Тоҷикистон ба шаҳрвандони 25 давлат низоми бераводиди яктарафа ҷорӣ намуд.

 Ин тасмим шуруъ аз имрӯз, 1-уми май мавриди амал қарор гирифт. Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, шаҳрвандони 25 давлати дунё, ки шиносномаи дипломатӣ ё хидматӣ доранд, ҳуқуқи будубош ва баромадан аз қаламрави Тоҷикистон ба муҳлати 30 рӯзро доранд.

Инчунин, ба шаҳрвандони синну солашон аз 55 болои 16 давлат низоми бераводид ба муҳлати 14 рӯз ҷорӣ карда шудааст.

 Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон соли 2022 барои шаҳрвандони 52 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, Аргентина, Белгия, Олмон, Белгия, Канада, ИМА, Фаронса ва ғайра низоми бидуни раводид ҷорӣ карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *