Тоҷикистон беш аз 5 миллион муштарии фаъоли алоқаи мобилӣ дорад
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии муштариёни алоқаи мобилӣ наздик ба 8 миллион ададро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 5 миллиону 464 ҳазор ададашон фаъоланд.
Ин нукта имрӯз аз ҷониби масъулини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ садо дод.
Инчунин, бино ба иттилои Хадамоти алоқаи кишвар, шумораи умумии истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо корбарони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ ба 4,2 миллион адад баробар шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ