Хадамоти алоқа: 2 миллиону 412 ҳазору 465 симкорт аз қайд нагузаштаанд

Масъалаи ба охир расидани муҳлати сабти дубораи симкортҳои мобилии шаҳрвандон яке аз мавзуҳои асосии нишасти матбуотии имрӯзаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон буд.

Хадамоти алоқаи кишвар хабар дод, ки то имрӯз 5 миллиону 416 ҳазору 345 симкорт бо шиносномаи намунаи соли 2014 аз қайд гузаштаанд. Ҳамзамон, маълумот дода шуд, ки то ба ҳол 2 миллиону 412 ҳазору 465 симкорт аз қайд нагузаштаанд ва бо шиносномаи намунаи соли 1996 амал карда истодаанд.

Қаблан Хадамоти алоқа бо пахши эълоне хабар дода буд, ки муҳлати сабти симкортҳо бо шиносномаҳои намунаи нав то 15-уми феврали соли 2022 ба анҷом мерасад. Эҳтимол баъд аз ин сана симкортҳое, ки азнавбақайдгирӣ нагузаштаанд, корашон қатъ хоҳад шуд.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо нашри ин эълон аз тариқи расонаҳои давлатӣ аз шаҳрвандоне, ки симкортҳои мобилиашон бо шиносномаи намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, барои идомаи фаъол будани рақамашон тақозо намуда буд, ки то санаи 15-уми феврали соли 2022 барои иваз намудани шиносномаи худ ба шуъбаҳои шиносномадиҳии шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *