Мотами як деҳа дар Вахш. Се муҳоҷири фавтида аз як хонаро дафн карданд

Тобутҳои шаш муҳоҷири тоҷики фавтида дар вилояти Волгогради Русия субҳи 30-юми январ ба Тоҷикистон оварда шуд. Тобутҳои онҳоро тариқи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе овардаву ба наздиконашон супориданд. Гуфта мешавад, ки ин муҳоҷирон бар асари заҳролудшавӣ дар як гармхонае дар вилояти Волгогради Русия ба ҳалокат расидаанд. Чор нафари онҳо аз ноҳияи Вахш, як нафар аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва якеи дигар аз ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон будаанд.

Қисмат чунин будааст…

Се муҳоҷири фавтида — Нуриддин, Қосимҷон ва Қобилҷон Файзиддиновҳо аз деҳаи Наврафтори ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш, аз як оила мебошанд. Комилҷон Файзиддинов, падари ду муҳоҷири ҷавони фавтида Қосимҷону Қобилҷон ва бародари Нуриддин — сокинони ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар суҳбат бо рӯзномаи “Тоҷикистон” гуфт, “якеаш як сол ва дигараш наздики ду сол шуда буд, ки муҳоҷир буданд. Вале ҳанӯз ду моҳи пеш ба вилояти Волгоград барои кор рафтанд ва мутаассифона, чунин воқеаи талхе рӯй дод”. Тавре ӯ мегӯяд, ҳанӯз барояшон пурра маълум нест, ки фавтидагон аз чӣ заҳролуд шудаанд: “Дар аксҳо дидем, ки ҳамин шаш нафари фавтида ҳама дар як ҷой, паҳлуи ҳам хобанд. Мо ин аксҳоро дар телефон дидаем. Чӣ илоҷ, қисмати мо чунин будааст”.

Ӯ бо таассуф гуфт, ки писаронаш ҷавон буданд. Қобилҷон 21 сол ва Қосимҷон 20 сол дошт. Ҳанӯз оиладор набуданд. “Ният доштем, ки имсол фарзанди калониамонро оиладор кунем. Вале афсӯс, ки орзуи ману фарзандонам амалӣ нагардид”,- бо садои паст ва гиряолуд гуфт падари ду муҳоҷири фавтида ва дигар бо мо суҳбат карда натавонист.

Чор фарзанди ятими Нуриддин

Қурбоналӣ, яке аз наздикони се муҳоҷири фавтида аз ноҳияи Вахш дар суҳбат гуфт, “мо танҳо ҳаминро шунидем, ки аз газ заҳролуд шуда фавтиданд. Қобилҷону Қосимҷон ягона нафароне буданд, ки кор мекарданд ва аҳли оилаи онҳо аз ҳисоби маблағи фиристодаашон зиндагӣ мекарданд”.

— Ҳоло саломатии модари муҳоҷирони фавтида хуб нест. Аз рӯзе, ки хабари марги фарзандонашро шунидааст, то ҳол мегиряд. Ин оила мусибати сахте дидаанд. Дар ҳақиқат барои ҳар падару модар мусибат мушкил аст. Якбора ҷасади беҷони ду фарзанди ҷавонро аз муҳоҷират овардан мусибати сангине мебошад. Фарзандони ҳанӯз дунё надидаву ҷавон…,- мегӯяд вай.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки аз Нуриддин Файзиддинов — амаки ду моҳоҷири ҷавони фавтида чор фарзанд, як писар ва се духтар ятим мондааст. “Нуриддин ҳам барои беҳтар кардани зиндагии худу фарзандонаш ба Русия барои кор рафта буд. Вале бо амри тақдир дар ғурбат вафот кард”,- гуфт ӯ.

— Мардуми деҳа барои дафн кардани муҳоҷирон хизмати зиёд карданд. Аз нисфи шаб то ҳол паҳлуи мо рост истодаанд. Мақомоти маҳаллӣ барои овардани тобути муҳоҷирон нақлиёти ёрии таъҷилӣ ташкил карданд. Аз фурудгоҳ то деҳа тобутҳоро оварданд, ки ин ҳам заҳмати зиёдро талаб мекунад,- таъкид кард вай.

Аз Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ба рӯзномаи “Тоҷикистон” гуфтанд, ки “барои овардани тобутҳо ва изҳори тасаллият кардан ба наздикони шаш муҳоҷири фавтида намояндагони мо ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рафта буданд. Ду мошини ёрии таъҷилӣ барои овардани тобутҳои Файзиддиновҳо бо мусоидати мо ва мақомоти маҳаллии ноҳияи Вахш ба шаҳри Душанбе бурда будем. Мо пайваста ба оилаҳои муҳоҷирони фавтида ва маъюб кумак хоҳем кард”.

Ному насаб ва соли таваллуди муҳоҷирони фавтида дар як гармхонае дар вилояти Волгогради Русия:

1. Файзиддинов Қобилҷон — 13.03.2001, ноҳияи Вахш;

2. Файзиддинов Қосимҷон — 4.07.2002, ноҳияи Вахш;

3. Файзиддинов Нуриддин — 4.03.1985, ноҳияи Вахш;

4. Кабутов Саидакрам — 17.02.2000, ноҳияи Вахш;

5. Саломов Идибек — 4.04.1992, ноҳияи Ҷайҳун;

6. Муҳаммадҷони Раҳмоналӣ — 7.02.2000, ноҳияи М. С. А. Ҳамадонӣ.

Се муҳоҷири дигари фавтида низ аз ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошанд. Муҳаммадҷони Раҳмоналӣ, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Идибек Саломов, сокини ноҳияи Ҷайҳун ва Саидакрам Кабутов, сокини ноҳияи Вахш мебошанд. Ин муҳоҷирон низ рӯзи 30-юми январи соли ҷорӣ ба хок супурда шуданд.

Мутаассифона, ҳамасола аз Федератсияи Русия, кишвари асосии қабулкунандаи муҳоҷирони тоҷик даҳҳо тобути ҳамватанони мо ба кишвар оварда мешавад. Сабаби марги муҳоҷирони дар ғурбат фавтида гуногун гуфта мешавад.

Идораи рӯзномаи “Тоҷикистон” ба наздикону оилаҳои муҳоҷирони фавтида тасаллияти амиқ арз намуда, ба онҳо таҳаммулпазирӣ ва шикебоӣ хоҳон аст.

Машраби АЛОВИДДИН, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75