Тоҷикистон дар Ҷоми Наврўз-2022 сеюм шуд

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ўзбекистон дар мусобиқаи Ҷоми Наврўз-2022 ширкат кард ва ҷойи сеюмро гирифт.

Аз 25 то 29-уми март дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Наврўз-2022 бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қирғизистон ва Уганда баргузор шуд. Вохўриҳо аз даври нимниҳоӣ шуруъ шуданд. Дар бозии аввали нимниҳоӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Уганда аз қораи Африқо бозӣ кард. Қисми асосии бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт. Қисмҳои иловагӣ бе задани гол ба охир расиданд. Дар задани силсилазарбаҳои пеналтӣ дарвозабони Уганда нисбат ба Рустам Ятимов — дарвозабони Тоҷикистон бартарӣ нишон дод ва Уганда бо ҳисоби 5:4 ғолиб омад.

Дар бозии дигари даври нимниҳоӣ дар ҳамин рўз дастаи мунтахаби Ўзбекистон дастаи мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард.

Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷойи сеюм мубориза бурданд. Қисми аввали бозӣ бе задани гол, аммо аз майдон ронда шудани якбозигарӣ аз ҳарду даста ба охир расид. Дар қисми дуюм боз як бозигари қирғиз корти сурх гирифт ва дар ҳамин дақиқаи 54-ум Парвиз Умарбоев аз пеналтӣ ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 84-ум Ваҳдат Ҳанонов аз ҳайати Тоҷикистон корти дуюми зардро гирифт ва майдонро тарк кард. Бозӣ бо ҳисбои 1:0 ба фоидаи шогирдони мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба охир расид.

Дар бозии финалӣ дастаҳои Ўзбекистон ва Уганда вохўрданд. Бозӣ бо натиҷаи 4:2 бар нафъи соҳибони майдон ба охир расид. Ҳамин тавр, футболбозони ўзбек нагузоштанд, ки Ҷоми Наврўзро аз ин кишвар берун бубаранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *