Тоҷикистон дар конфронси Самарқанд вазъи муҳити зисти худро муаррифӣ намуд
Тавре ки қаблан итттилоъ дода будем, шаҳри Самарқанд мизбони конфронси байналмилалии Конвенсияи 14-уми СММ оид ба муҳоҷирати ҳайвоноти ваҳшӣ (CMS COP-14) мебошад, ки маросими ифтитоҳи он 12 феврал баргузор шудааст ва он то 17 феврал давом хоҳад кард. Конфронс таҳти шиори «Табиат марз намедонад» сурат мегирад. Дар конфронс дар баробари намояндагони 130 кишвари дунё, як гурӯҳ фиристодаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доранд.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон зимни суханронӣ дар ин конфронс изҳор намуд, ки ифлосшавии муҳити зист, аз ҷумла хушксолӣ, зимни муҳоҷират нобудшавии як қатор ҳайвонҳои ваҳшӣ ва коҳиши теъдоди он дар баробари ҷомеаи байналмилалӣ ҷомеаи Тоҷикистонро низ ба нигаронӣ мувоҷеҳ намудааст.
-Ба Конвенсияи СММ оид ба муҳоҷирати ҳайвонҳои ваҳшӣ (CMS COP-14) шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо намудааст, ки ҷиҳати танзими вазъияти экологӣ дар тамоми гӯшаҳои сарзамини он як қатор корҳои амалӣ ба фарҷом расанд. 22 дарсади ҳудуди кишвари моро минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ташкил медиҳанд. Мо барои ҳифзу нигоҳдории олами ҳайвоноту наботот шароити хуб фароҳам овардаем, то ки теъдоди онҳо афзоиш ёбад,-гуфт Баҳодур Шерализода.
Ба таъкиди ӯ соли 2022 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати афзоиши бузи кӯҳии морхӯр дар ҳамроҳӣ бо мутахассисони Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (МСОП) кори баҳисобгирии ҳайвоноти нодири морхӯрро гузаронид ва он натиҷаи хуб ба даст овард.
-Агар доир ба ҳамкории мо бо Вазорати экология, муҳити зист ва тағйири иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон сухан гуфтанӣ бошам, дар ин самт мо аллакай Ёддошти тафоҳум имзо кардаем, ки тибқи он ҷиҳати ҳифзи табиат ва беҳбуди вазъи он ба як қатор дастовардҳои зиёд ноил мешавем. Зеро мо дар як минтақа қарор дорем ва бадшавии вазъи муҳити атроф ба ин ду кишвар низ тақрибан ҳамсон зарар мерасонад,-иброз дошт Баҳодур Шерализода.
Дар ҷараёни ин нишаст чанд чорабиниҳои дигар низ баргузор гардид, ки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иштирок намуд. Яке аз ин чорабиниҳо маросими ифтитоҳи намоишгоҳи ҳайвоноти нодири муҳоҷири Ӯзбекистон дар Самарқанд мебошад.
Дар идомаи нишаст, ки идома намуд, котиби Конвенсия оид ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии муҳоҷираткунанда Эми Франкел гуфт, ки баъзе ҳайвонҳо ҳазорҳо километр сарҳадҳои миллиро тай карда ба ҷойҳои дигар мераванд ва баъди муҳоҷират аз ҷои доимии худ дигар ба он минтақа барнамегарданд. Ба гуфтаи ӯ ин ҳол оҳиста ба аз байн рафтани ҳамон намуди ҳайвонот сабаб мешавад.
-Мо дар ҳамин гуна ҳолат бояд аз раванди нобудшавии ҳайвонҳои муҳоҷиратшуда ҷилавгирӣ кунем ва ба ин танҳо дар шакли ҳамкориҳои дастаҷамъона муваффақ шудан мумкин аст. Гуфтаниам, ки ҳар як сокини ин ё он шаҳр ва ё минтақа бояд саҳми худро гузорад, вагарна дар гум шуда рафтани ин ҳайвонот ҳамаи мо гунаҳкор хоҳем шуд,-иброз дошт Эми Франкел.
Ба гуфтаи ӯ дар ҳамин ҳол 1 ҳазору 189 намуди ҳайвонот ба ҳимояи байналмилалӣ эҳтиёҷ доранд ва метавонад ин рақам ҳатто ба 3 ҳазор баробар бошад. Инҳо ҳайвонҳое маҳсуб меёбанд, ки дар Конвенсия номбар шудаанд ва хатари нобудшавӣ ба онҳо таҳдид мекунад.
Конфронси байналмилалии Конвенсияи 14-уми СММ оид ба муҳоҷирати ҳайвоноти ваҳшӣ (CMS COP-14) дар Самарқанд дар иҷлосияҳои алоҳида то 17 феврал идома хоҳад кард.
Мирасрор Аҳроров,
шаҳри Самарқанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ