Тоҷикистон дар масоили амниятӣ 24 зина поён фаромад

Тибқи гузориши Индекси ҷаҳонии терроризм (Global Terrorism Index 2019 — GTI) Тоҷикистон дар масоили амниятӣ дар миёни 163 кишвар дар зинаи 50-ум ҷой гирифтааст.

Дар гузориши қаблӣ, ки аз ҷониби Институти иқтисод ва сулҳ таҳия мешавад, Тоҷикистон дар мавқеъи 26-ум қарор дошт.

Бар асоси маълумоти таҳиягарони гузориш, ҳодисаҳои ошӯб дар зиндони Тоҷикистон, ки масъулияти онро гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифт, ба поинравии рейтинги ин кишвар боис гардид. Тибқи омори расмӣ дар ин ҳодиса 27 нафар, аз ҷумла, 5 посбони зиндон  кушта шуда буданд.

Ҳамчунин, дар гузориши Индекси ҷаҳонии терроризм ҳамла ба дучархасаворони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара дар моҳи июли соли 2018, ки масъулияти онро низ ДИИШ ба зимма гирифт, таъкид шудааст.

Тибқи Индекси ҷаҳонии терроризм дар соли 2018 дар ҷаҳон бар асари ҳамалоти террористӣ 15 ҳазору 952 нафар ҷон бохтаанд, ки ин рақам нисбат ба соли 2017 15,2 дарсад камтар будааст.

Бештари ҳамалоти террористӣ дар Афғонистон, Ироқ, Нигерия, Сомалӣ, Сурия, Покистон, Миср, Конго, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Ҳиндустон рух додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *