Сармуҳаррири “Рекламная газета” даргузашт

Субҳи имрӯз  сармуҳаррири “Рекламная газета” Елена Бекаева аз олам даргузашт.

Ӯ дар муддати ду моҳи ахир аз бемории саратон ранҷ мебурд.

Елена Бекаева 6 майи соли 1966 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада ва дар соли 1987 Донишкадаи омӯзгории Душанберо бо ихтисоси «муаллими забон ва адабиёти рус» хатм кардааст.

 Елена Бекаева аз 1 феврали соли 2002 дар “Рекламная газета”, ки марбут ба медиахолдинги «Оила» аст, сардабир буд. Дӯстону ҳамкорон аз Елена Бекаева  ҳамчун журналисти собиқадор ва соҳибқалам унвон мекунанд.

Одил Нозир яке аз ҳамкорони марҳум мегӯяд, ки саҳми Елена Бекаева дар рушди журналистикаи русзабони Тоҷикистон муассир аст. Зеро номбурда дар солҳои гуногун муҳаррир ва сардабири нашрияҳои “АИФ в Таджикистане”, “Рекаламная газета”, маҷаллаи глянси “IDAS» ва бахши русии сомонаи Pressa.tj-ро бар ӯҳда дошт. Марги Елена талафоти гарони журналистикаи тоҷик мебошад. 

Наздикони марҳум хабар доданд, ки маросими видоъ бо Елена Бекаева дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Елена Бекаева дар хонаводаи насронӣ ба воя расида ва чанд соле қабл дини Исломро пазируфта буд. Ба ин далел ҷанозаи марҳум соати 13.00, дар масҷиди Хол Машраб (1-ум Советский, наздики Донишкадаи санъат) баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *