ЭКО

Тоҷикистон иштирокчии нишасти вазирони корҳои хориҷии ЭКО мешавад

Нишасти навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) аз 23 то 24-уми январи соли равон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар он вазирон ва муовинони вазирони корҳои хориҷии 20 кишвари узви ЭКО аз давлатҳои Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Покистон ва Туркия иштирок мекунанд.

— Интизор меравад, ки дар нишаст иштирокчиён масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳоро дар самтҳои афзалиятнок, татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои ЭКО, бурду бохти ҳамаи самтҳо ва рушди ояндаи онҳоро баррасӣ хоҳанд кард,- меафзояд манбаъ.

Бояд гуфт, ки нишасти қаблии Шӯрои муовинони вазирони корҳои хориҷии ЭКО 23-юми май соли 2022 дар шаҳри Теҳрон сурат гирифта, дар доираи он Тошканд мизбони нишасти навбатии Шӯро эълон шуда буд.

Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ як сохтори минтақавии байниҳукуматӣ буда, соли 1985 бо мақсади мусоидат ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии кишварҳои минтақа таъсис ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *