Усмонзода Хирадманд

Қаҳрамонон фаромӯш шуданд? Ё саҳлангорӣ дар поси хотири шаҳидон

Ҷавони баору номус аз деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ Усмонзода Хирадманд дар муноқишаҳои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 15-16-уми сентябри соли 2022, баҳри ҳифзи марзу буми кишвар ҷони худро нисор кард.

Хирадманд пас аз адои қарзи фарзандӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, аз соли 2011 то лаҳзаҳои охирони ҳаёташ дар Гвардияи милли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматашро содиқона идома дод ва дар муноқишаи марзӣ ба шаҳодат расид. Дар лаҳзаи охирини видоъ аҳли Вашандеҳ гирён буданд, зеро барои посдории руҳи шаҳиди роҳи озодӣ аз масъулони болоӣ касе ҳузур надошт…

Мардуми деҳа барои поси хотири ин шаҳиди роҳи Ватан ба намояндагони мардумӣ ва мақомоти маҳаллӣ муроҷиат карданд, то мактаби таҳсилкардааш ба номаш гузошта шавад. Вале то ба имрӯз посухе нест. Таълимгоҳи мазкур номи Аҳмади Донишро дорад, ки ин ном дар чандин ҷойҳои намоён гузошта шудааст.

Аз мақомоти ноҳияи Айнӣ хоҳиш мекунем, ки барои абадӣ гардонидани номи Хирадманд Усмонзода ташаббус нишон бидиҳанд ва чун дигар шаҳру навоҳӣ муассиса ё кӯчаеро ба номи ӯ гузоранд.

Ҷамолиддин ҶАЛОЛИЁН

АЗ ИДОРА:

Ба унвони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ҳамчунин сокинони деҳаи Навободи шаҳри Панҷакент дар бораи гиромидошти хотираи неки афсари КДАМ ҶТ Ғолиб Абдунабиев муроҷиат кардаанд. Ин афсари шуҷоъ низ дар муноқишаҳои марзӣ (санаи 17-уми сентябр) ҷон бохт, вале то ба имрӯз барои абадӣ гардонидани номаш ташаббусе сурат нагирифтааст. Пайвандони марҳум умедворанд, ки кӯча ё муассисае дар Панҷакент ба номи ӯ гузошта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *