Тоҷикистон: Нархи гази моеъ майли болоравӣ дорад
Нархи гази моеъ дар нуқтаҳои сӯзишвории Тоҷикистон майли болоравӣ дорад.
Як литр газ аввали моҳи август аз 4 сомонӣ пастар фурӯхта мешуд. Ҳоло он аз 6 сомонӣ ҳам гузаштааст. Баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ чанд рӯз аст, ки гази моеъ надоранд.
Болоравии нархи сӯзившорӣ ба қимати маҳсулоти ғизоӣ низ таъсир расонидааст: 1 кг картошка 6-7 сомонӣ, 1 кг сабзӣ 7-8 сомонӣ, 1 кг шакар 12-13 сомонӣ…
Аммо мақомоти кишвар далели тағйирот дар бозори сӯзишвориро ба афзоиши арзиши он дар кишварҳои содиркунанда рабт медиҳанд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон сӯзишвориро асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ