Тоҷикистон орд ҳам содирот мекунад
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷ ба маблағи 678,6 млн доллар молу маҳсулот содирот кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44,2% камтар аст.
Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар 6 моҳи аввали соли 2023 маблағи содироти маҳсулоти саноатӣ ҳамроҳ бо нерӯи барқ 654,5 млн долларро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Агентии мазкур, содироти маснуоти мис 4,8 баробар афзуда, 5,2 млн долларро ташкил дод. Содироти орди гандум 1,5 баробар (1,4 млн доллар), нӯшокиҳои гуногун, аз ҷумла оби минералӣ 2 баробар афзуда, даромад аз он 2,3 млн долларро ташкил дод. Ғайр аз ин, содироти пӯст 57% (1,2 млн доллар) ва маснуот аз пахта 30% (1,3 млн доллар), ба таври назаррас зиёд шудааст. Дар нимсолаи аввали соли 2023 ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ 24 млн 149 ҳазор долларро ташкил дод, ки қариб 3,6 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ