Издивоҷ дар Тоҷикистон зиёд шуд

Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон соли равон беш аз 32,8 ҳолати никоҳро ба қайд гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 ҳазор зиёд мебошад.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотии вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён иттилоъ дода шуд.

Ҳолатҳои талоқ дар Тоҷикистон давоми нимсолаи аввали соли равон 26% кам шудааст. Инчунин, дар давоми нимсола наздики 5,4 ҳазор ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати нишондоди ҳамин давраи соли қаблӣ наздики 1,9 ҳазор ҳолат ва ё худ 26% камтар мебошад.

Вазир гуфт, ки дар коҳиши талоқ нақши кормандони мақомоти адлия низ ҳаст, чун корҳои таблиғотӣ барои ҷилавгирӣ аз пошхӯрии оилаҳоро пеш мебаранд.

Ҳолатҳои сабти таваллуд низ дар ҷумҳурӣ тайи нимсолаи аввали соли равон ба андозаи 3% коҳиш ёфта, ба зиёда аз 108 ҳазор ҳолат баробар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *