Парвозҳои нави “Сомон Эйр” ба Маскав ва Арабистони Саудӣ

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз 15-уми август парвозҳоро дар масири Душанбе-Маскав (фурудгоҳи Жуковский) ва дар самти муқобил аз сар мегирад.

Гуфта мешавад, ки аввалин парвоз 15-уми август сурат мегирад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ширкат, аз 19-уми август парвозҳо ба Алма-Ато рӯзҳои чоршанбе ва шанбе ва аз 3-юми сентябр парвозҳо ба Ҷидда дар як ҳафта се маротиба — рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе анҷом дода мешаванд.

Ин ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия, Олмон, Эрон, Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Ӯзбекистон парвозҳо анҷом медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *