“Тоҷикистон — сарзамини обҳои шифобахш” дар “Шоҳамбарӣ”

Бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон — сарзамини обҳои шифобахш» дар осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” баргузор гардид.

Дар он намояндагони вазорату идораҳо, мутахассисони хоҷагии об, инчунин меҳмонони хориҷӣ иштирок карданд. Дар ин ҳамоиш намояндагон аз Русия, Ӯзбакистон ва Қазоқистон ширкат намуданд.

Дар ҳамоиши мазкур сараввал имкониятҳои сайёҳии кишвар ба маърази тамошо гузошта шуда, иштирокчиён тавонистанд дар ин намоишгоҳ тамоми зебоиҳои Тоҷикистонро тариқи варақаҳои иттилоотӣ ва ҳамзамон расму русум, ҳунармандӣ ва дастархонороии мардуми тоҷикро бубинанд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз чашмаҳои шифобахш бой аст. Ба монанди Хоҷа Оби Гарм, Явроз, Оби Гарм, Шоҳамбарӣ, Гармчашма, Хавотог, Зумрад, Биби Фотимаи Заҳро, Авҷ, Ямчун, Зонг ва ғайраҳо, ки барои барқарор кардани саломатии инсон бисёр таъсири судманд мерасонанд.

Дар чорабинӣ ҳамзамон мубодилаи афкор байни иштирокчиён оид ба ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *