Дар бораи Раҳими Ғармӣ китоб чоп шуд

Рӯзномагор Садбарг Боқиева дар бораи Раҳим Бобобоҷонов, маъруф бо Раҳими Ғармӣ китобе чоп кардааст.

Гуфта мешавад, ки номбурда соли 2013 бо номи “Фазилати Раҳим” китобро омода карда, инак бо фаро расидани фурсат онро бо теъдоди муайян ба чоп расонидааст.

“Муқаддимаи китоб аз эҳсонкории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад, ки он намунаи ибрат аст. Раҳим низ дар партави он ба ин ҳама эҳсонкорӣ даст задааст, ки намунаи олии инсонгарӣ ба шумор меравад”,- навишааст Садбар Боқиева дар шабакаи Фейсбук.

Муаллифи китоб, ҳамзамон, аз дастгирии муҳоҷирони корӣ дар Русия аз ҷониби қаҳрамон ёдоварӣ мешавад.    

Ёдовар мешавем, ки чандест байни мардум овозаи хайру сахо ва эҳсонкориҳои Раҳим Бобоҷонов, маъруф бо номи Раҳими Ғармӣ гардиш мехӯрад. Ӯ бо ба 22 нафар ашхосе, ки шароити номусоиди манзилу зиндагӣ доштанд, хона туҳфа намуд,  миёни онҳо Бахтиёр Раҳимов ва Гулбаҳор Ғаффорова- ҳаҷвнигорони номдори кишвар низ буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *