Нигаронии Асрорзода аз фаъолияти Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд

Убайдулло Асрорзода аз фаъолияти филиал ва Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон нороҳат шудааст.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода зимни сафар дар шаҳри Хуҷанд 28-уми июл бо шароит ва имкониятҳои таҳсил дар зерсохторҳои донишгоҳ дар вилояти Суғд шинос шудааст.

«Ректори донишгоҳ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ва ҳамроҳонаш аз роҳраву саҳни бинои таълимӣ, утоқҳои кории роҳбарият ва синфхонаҳои таълимии муассиса боздид ба амал оварда, вобаста ба ҳолати мавҷуда изҳори нигаронӣ намуданд. Барои дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд»,- иттилоъ доданд аз донишгоҳ.

Убайдулло Асрорзода ҳангоми мулоқот ба масъулини филиал ва Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва тибқи талаботи сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани омодасозии кадрҳои соҳибкасб ва дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 ҷорӣ намудани ихтисосҳои замонавиро дар муассисаи мазкур зарур ва муҳим арзёбӣ намудааст.

Ҳамзамон, масъулин вазифадор гардидаанд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин «Стратегияи рушди Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои давраи то соли 2025»-ро коркард намуда, ҷиҳати тасдиқ ба Шӯрои олимони донишгоҳ пешниҳод намоянд.

Бо дарназардошти то айни замон пардохт нагардидани музди меҳнати моҳи июл ва рухсатии меҳнатии омӯзгорону кормандони Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд, ректори донишгоҳ аз ҳолати ҷойдошта изҳори нигаронӣ намуда, ба мутасаддиён дастур додааст, ки худи ҳамин рӯз масъалаи пардохти музди меҳнат ва рухсатии меҳнатӣ ҳаллу фасл карда шуда, иловатан аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ ҳама кормандону омӯзгорони литсей ба андозаи 200 сомонӣ ҳавасманд карда шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *