Асрорзода ба 500 кӯдаки маъюб либосҳои тобистона кумак кард

Убайдулло Асрорзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо як ҳайаташ давоми чанд рӯзи охир қариб ба 500 кӯдакони маъюб либосҳои тобистона ва пойафзол кумак расонидааст.

Тавре аз донишгоҳи мазкур хабар доданд, ҳамчунин, имрӯз, 2-юми июн аз тарафи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба 185 нафар кӯдакони маъюби муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб сарулибоси тобистона ва пойафзол кумак расонида шуд.

“Зимни иҷрои амали хайр роҳбарияти донишгоҳ аз шароити зиндагии ин қишри осебпазир аз наздик шинос гардид. Ректор дар оянда ҷиҳати анҷоми чунин амалҳои хайру савобро вобаста ба талаботи муассисаи мазкур баён дошт»,- иттилоъ доданд аз донишгоҳи мазкур.

Гуфта мешавад, ки соли гузашта ба ин муассиса аз ҷониби раёсати донишгоҳ 80 адад гармкунаки обӣ ва як адад мошинаи ҷомашӯӣ кумак расонида шуда буд.

Бино ба иттилои масъулини донишгоҳ, то ҷашни Ваҳдати миллӣ тасмим гирифта шудааст, ки миқдори кумакҳо ба шахсони маъюб ва дорои имконияташон маҳдуд ба 1000 адад расонида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *