Раҳими Ғармӣ ба 22 оилаи ниёзманд хона туҳфа кард

Соҳибкори тоҷик Раҳим Бобоҷонв, ки миёни мардум ҳамчун Раҳими Ғармӣ машҳур аст, дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба 22 оилаи ниёзманд манзили истиқоматӣ ҳадя кард. Дар ин бора номбурда дар барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоев хабар дод.

Орзу Исоев, ки дар маросими ҳадяи хонаҳо дар тарабхонаи “Бурак”-и шаҳри Душанбе ровӣ буд, гуфт: “Ба қарибӣ соҳибкор Раҳим Бобоҷонов ба 20 нафар оилаи ниёзманд хона ҳадя кард. Ростӣ, Раҳим намехост, ки мо хайри ӯро расонаӣ кунем, вале ман ва ҳунарманд ва блогери гуруҳи Арабшо Саъдӣ Исмоилов ва Қурбон Негматов пофишорӣ кардем, ки аз ин ташаббуси ӯ ҷомеаро огоҳ созем”.

Баъдан, Орзу Исоев аз Раҳим суол кард, ки инсонҳои ниёзмандро чӣ гуна интихоб кард.

“Мо шахсони ниёзмандро ба се гуруҳ ҷудо кардем: муҳтоҷ, муҳтоҷтар ва муҳтоҷтарин. Ва ба ҳамин гуруҳи сеюми мӯҳтоҷтарин 20 хона ҳадя кардем.”-мегӯяд, Раҳим Бобоҷонов.

 Номбурда гуфт, ки дар давлатҳои ҷаҳон кӯмак кардан ба табақаи ниёзманд як кори маъмулӣ аст.

Ҳамчунин, Раҳим Бобоҷонов дар ду ҳафтаи гузашта ба ду ҳунарманди тоҷик – Бахтиёр Раҳимов роҳбари гуруҳи ҳаҷвии “Ғарибшо” ва Гулбаҳор Ғаффорова ҳунарпешаи театр-студияи “Хандинкамон” низ манзили зист дода буд. “Ин ду нафар дар рӯйхати мо набуданд, вале чун мушкилашон расонаӣ шуд, қарор додем, ки ба онҳо низ кӯмак кунем. Зеро онҳо барои мардум хизмат кардаанд” – гуфт, Раҳим Бобоҷонов.

Яке аз оилаҳое, ки Раҳими Ғармӣ онҳоро соҳиби хона кард оилаи Раҳимов Раҳматулло ва ҳамасараш Гулбибӣ мебошанд, ки дар зиндагӣ танҳо мондаанд. Ягона фарзандашон аз олам даргузашт ва солиёни дароз азоби бехонагӣ доштанд.

“8 сол дар як корхона зиндагӣ кардем. Ман қаровул будам ва ҳамсарам фаррош буд. Вале дар пирӣ бесарпаноҳ мондем. Раҳмат ба Раҳим, ки моро соҳиби хона кард”-мегӯяд, Раҳимов Раҳматулло.

Раҳим Бобоҷонов мегӯяд, ки 20 оилаи ниёзманд аз як минтақа нестанд, балки аз гӯшаву канори кишвар ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *