Аз гармии шадид то тавсияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон

Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки аз 1 то 3 июл дар Тоҷикистон ҳавои гарм боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, ки дар водиҳо ҳаво рӯзона то 40+43  дараҷа гарм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 45+47 дарҷа гарм, дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ то 35+40 дараҷа гарми пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияи Дарвоз то + 42 дараҷа гармӣ боқӣ мемонад.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 дараҷа ва рӯзона 40+45 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 9-14 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 20+22 дараҷа ва рӯзона 40+42 дараҷа гарм мешавад.

Гармии ҳаво дар рӯзҳои охир  мардумро нигарон кардааст. дар ин росто, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки аз гармои шадид эҳтиёт бояд кард.  Бахусус, касоне, ки сафари роҳҳои дурро тарҳрезӣ кардаанд, бештар эҳтиёт кунанд. Зеро хавфи обхезӣ бар асари гармо ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ зиёд аст.

ЧАНД ТАВСИЯИ КУМИТА:

— Кӯшиш кунед ҳарчи камтар зери нури офтоб бошед. Аммо дар ҳоли зарурат бо худ гирифтани чатр ва ё кулоҳи тобистонаро фаромӯш накунед;

— Ҳарчӣ бештар об истеъмол кунед;

— Дар ёд дошта бошед, ки бештар кӯдакону наврасон ва афроди солманд ба хатари гармо гирифтор мешаванд; ғамхорӣ дар ҳақи онҳоро фаромӯш накунед;

— Ҳангоми сафар бештар ба худ диққат диҳед, зеро вазъи саломатии инсон метавонад дар гармо бештар бад шавад;

— Бештар ҳангоми истироҳат ва оббозӣ эҳтиёткор бояд буд, қоидаҳои будубош дар соҳили дарёву рудхонаҳо, каналҳо, ҳавзҳои оббозӣ ва шаршараҳоро ҷиддан риоя кунед;

— Ба пӯшиши хуб эътибор диҳед. Талош кунед дар ин рӯзҳо асосан либосҳои омодашуда аз нахи пахта истифода намоед ва аз пӯшидани сару либоси синтетикӣ худдорӣ намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *