Тоҷикистон тиҷорат бо Чинро афзоиш медиҳад?
Тоҷикистон пас аз бозшавии марзҳо тиҷорат бо Чинро афзоиш медиҳад. Азим Иброҳим — вазири нақлиёти Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки пешгӯиҳо бо рақамҳо ҳанӯз чандон дуруст нест, вале Тоҷикистон интизори афзоиши назарраси тиҷорат бо Чин аст.
Ба гуфтаи вазир, ба ин таҷдиди роҳҳо тайи се соли ахир дар кишвар ва тағйири усули ҳамлу нақл мусоидат мекунад.
«Агар қаблан коло ба Чин асосан бо контейнерҳое мерафт, ки бояд дар сарҳад бор карда мешуданд, акнун мошинҳои бордор метавонанд аз сарҳад рост ба маҳали борфарорӣ дар худи кишвар раванд»,- иттилоъ дод ӯ.
Ба гуфти вазир, аллакай дар рӯзи ифтитоҳ яке аз ширкатҳои логистикӣ барои фиристодани 75 мошин ва раводид ба Чин муроҷиат кардааст.
Азим Иброҳим оид ба якбора поён рафтани нархи сӯзишворӣ низ сухан кард. Ӯ гуфт, ки гарчанде сӯзишворӣ арзон шуда бошад ҳам, арзиши хизматрасонӣ ва қимати қисмҳои эҳтиётӣ хело гарон аст. Зимнан, роҳкироро Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар якҷоягӣ бо муассисаҳои дахлдор муайян мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ