Баҳодур Шерализода

Пешниҳоди Шерализода ба Ҳукумат

Дар Тоҷикистон имкон дорад, ки воридоти маҳсулоти пластикӣ манъ карда шавад. Пешниҳодро дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба Ҳукумати кишвар ироа кардааст.

Баҳодур Шерализода — раиси кумитаи мазкур зимни нишасти хабарӣ гуфт: «Мо тасмим гирифтем, ки барои тоза нигоҳ доштани муҳити зист аз партовҳои пластикӣ, барои манъ намудани воридот ва истифодаи борҷомаҳои пластикӣ ба қонунгузории кишвар тағйирот ворид созем». Номбурда изҳор дошт, ки пешниҳоди мазкур ҳоло дар ҳукумат баррасӣ мешавад.

Ба иттилои Шерализода, ин ниҳод ҳамчунин миёни мардум барномаҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, онҳоро ба даст кашидан аз истифодаи борҷомаҳои пластикӣ даъват мекунанд. Шерализода афзуд, ки мушкили ифлосшавии муҳит аз маводҳои яккаратаи пластикӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ вуҷуд дорад, бинобар ин, ҳоло дар сатҳи СММ оид ба манъи ин мавод гуфтушунид идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *