асп

6 сар аспҳои марзшиканро ба соҳибашон баргардониданд

Охири соли 2022 кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Ҷаббор Расулов 6 сар аспҳоеро, ки аз Ҷумҳурии Қирғизистон вориди Тоҷикистон гардида буданд, бо воситаи гуфтушуниди тарафайн ба кормандони масъули Ҷумҳурии Қирғизистон супориданд.

Ин ҳодиса моҳи декабр дар деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов рух додааст. Дар ин бора Қудратуллозода Тоҳир — раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов зимни баргузории нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.

“Мо аспҳоро бе ягон осеббинӣ ба ҳамсоякишвар интиқол додем. Ин ҳама барои беҳтар гардонидани муносибатҳои дӯстона аст”,- иброз дошт Қудратуллозода.

Ҳамчунин, сардори Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД ҶТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Юсуф Ҳакимзода дар ин мавзуъ қайд кард, ки нисбати як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон барои ғайриқонунӣ убур намудани марз парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. “Он мард барои дидорбинии фарзандонаш ва ҳамсараш минтақаи марзиро ғайрирасмӣ гузаштааст. Ин ҳодиса низ дар деҳаи наздисарҳадии Қӯрғонча рух додааст”,- изҳор дошт масъули ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов.

Бояд зикр кард, ки дар низоъҳои охири моҳи сентябр деҳаҳои наздисарҳадии ноҳияи Ҷаббор Расулов низ осеб дида буданд. Масъулин аз фавти як сокини осоишта, ки соли таваллудаш 1984 ва соҳиби 3 фарзанд будааст, иттилоъ доданд.

Фаррух УСМОНОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *