фаррош

Ҳукми абад барои қатли ду фаррош дар Деваштич

Барои қатли ду зани фаррош дар ноҳияи Деваштич Саҳобиддин Мунавварзода ба ҳабси абад маҳкум гардид. Ҳукми мазкурро Суди вилояти Суғд содир кардааст. Ин қазияи пурсарусадо 17-уми июли соли 2022 ба вуқуъ пайваст ва “Тоҷикистон” тафсилоти онро нашр карда буд.

Як манбаъ аз Суди вилояти Суғд хабар дод, ки ҳукм санаи 30-юми январ аз ҷониби Суди вилояти Суғд содир гардидааст. “Саҳобиддин Мунавварзода бо моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ айбдор ва ба ҳабси абад маҳкум гардид”,- хабар дод манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки Умеда Зокироваи 45-сола ва Вориса Фозиловаи 56-сола, ду зани фарроши Идораи замини ноҳияи Деваштич 17-уми июли соли 2022, дар рӯзи истироҳатӣ, дар макони кори худ бо зарби корд ба қатл расонида шуда буданд. Саҳобиддин Мунавварзода, мутахассиси пешбари идораи замини ноҳия ҳамчун гумонбари асосӣ дар куштор боздошт гардида буд.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд “фазои носолими кориро дар ин идора сабаби асосии фоҷеа” арзёбӣ карда буд.

“Гумонбар аз сабаби доштани хусумати шахсӣ ва қасд нисбати раис, муовин ва дигар хизматчиёни кумитаи мазкур, ки гӯё барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ӯ монеагӣ мекарданд, бо мақсади тарс додан ва ба таҳлука андохтани онҳо ба ташкили далелҳои сунъии бадномкунанда даст зада, дар рӯзи ҳодиса бо истифода аз сӯзишвории дизелӣ ду утоқи кории идораи заминро оташ мезанад ва занони фаррош аз сӯхтор бохабар шуда, мехоҳанд, онро хомӯш кунанд. Вале гумонбар Мунавварзода бо мақсади рӯйпуш кардани ҷинояти худ бо корди ошхонагӣ онҳоро ба қатл мерасонад”,- гуфта мешуд дар изҳороти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *