Тоҷикистон ва Русия ҳамла ба бемористони Ғаззаро маҳкум карданд
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба бемористони “Ал-Аҳлӣ-и Фаластин, ки ба кушта ва захмӣ шудани теъдоди зиёде аз афрод, аз ҷумла кӯдакон ва занон шуд, маҳкум мекунад.
ВКХ мегӯяд, иншоотҳои ғайринизомӣ, бахусус бемористонҳо набояд мавриди ҳамла қарор гиранд, балки баръакс бояд як ҷои амн барои хидматрасонӣ ба мардум бошанд.
Тоҷикистон ҳамлаҳои хушунатро қотеъона маҳкум намуда, ҷонибҳоро ба оташбаси фаврӣ ва оғози муколама даъват кардааст.
Ин ниҳод ба пайвандони қурбониён тасаллият ва ба маҷрӯҳону осебдидагон шифои комилу оҷил таманно кардаааст.
Ҳамчунин Русия низ ҳамла ба бемористони Ғаззаро маҳкум кард.
Тибқи иттилои дарёфт намудаи Pressa.tj сухангӯи ВУХ Русия Мария Захарова, ин ҳамларо як амали ғайриинсонӣ номидааст. Ӯ аз теъдоди зиёди ҳалокшудагон дар Фаластин нигарони намуда, ин вазъро “як офати башардӯстона дар миқёси ҷаҳонӣ” гуфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ