Аз таҳти дил бихандед!
Доруи хоб
Дар дорухона:
– Шумо доруи хоб доред?
– Дорем.
– Чанд пул?
– 500 сомонӣ.
– 500 сомонӣ?! Агар ман бо ин нарх доруи хоб гирам, умуман дигар хобам намебарад!
Чоркунҷа
Муаллима аз хонанда мепурсад:
– Замин чӣ гуна шакл дорад?
Хонанда:
– Даврашакл, муаллима.
– Инро чӣ гуна исбот мекунӣ?,- мепурсад муаллима.
Хонанда:
– Бигзор замин чоркунҷа бошад, ман истодагарӣ намекунам, муаллима.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ