Тоҷикистону Қирғизистон доир ба делимитатсия ва демаркатсия ба чӣ тавофуқ расиданд?
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар портали расмии худ хабар медиҳад, ки рӯзҳои 5 – 11-уми июн дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ки ин кор дар асоси мувофиқаи бадастомадаи тарафҳо сурат гирифта, аз натиҷаи вохӯрӣ протоколи дахлдор ба имзо расидааст. Ин вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба нақша гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки дарозии марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ҳудуди 980 километрро ташкил медиҳад. Музокирот оид ба делимитатсияи он аз моҳи декабри соли 2002 идома дорад. Дар ҳоли ҳозир беш аз се ду ҳиссаи сарҳад аз ҷониби давлатҳо муайян ва мутақобилан эътироф шудааст, қисматҳои боқимонда баҳсбарангез дониста мешаванд. Ҳалли ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвавр, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.
Дар маҷмуъ, аз соли 2014 дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон беш аз 10 муноқишаи ҷиддӣ рух додааст. Қирғизистон бо Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳамсарҳад аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ