Изҳори қаноатмандӣ аз маблағгузорӣ шудани 180 лоиҳа

Имрӯз, 12-уми июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии рушд Масатсугу Асакаваро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки Осиёии рушд мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

— Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Бонки Осиёии рушд давоми 25 соли шарикӣ, аз ҷумла аз ҷониби ин ниҳоди молиявӣ ба маблағи зиёда аз 2,5 миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудани 180 лоиҳа дар соҳаҳои мухталифи кишвари мо изҳори қаноатмандӣ карданд,- меафзояд манбаъ.

Ҳамзамон, ҷаноби Масатсугу Асакава аз имкониятҳои назарраси Тоҷикистон дар истеҳсолу содироти энергияи тозаю барқароршаванда ва дар ин замина рушди “иқтисоди сабз” ёдовар шуда, бори дигар ҷонибдории Бонки Осиёии рушдро роҷеъ ба дастгирии саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим тасдиқ намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *