Тоҷикистону Молдова қазияи тирпаррониро якҷоя таҳқиқ мекунанд

Тоҷикистон барои рӯшан кардани қазияи тирпарронӣ дар фурудгоҳи Кишинёв кормандони интизомии худро ба Молдова фиристод. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва масъулони сафорати Тоҷикистон дар Молдова (бо қароргоҳ дар Киев) ба шаҳри Кишинёв фиристода шуданд, то бо ҳамкасбони молдавии худ тамос бигиранд ва тамоми шароити ҳодисаро рӯшан созанд»,- омадааст дар гузориши мазкур.

Раёсати дипломатӣ афзудааст, ки намояндагони Прокуратураи генералӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон пас аз ҳодисаи марбут ба шаҳрванди Тоҷикистон Рустам Ашӯров, ки дар фурудгоҳи Кишинёв рух дод, бо ҳамтоёни худ дар Молдова дар тамос ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *