То 13-уми сентябр ҳаво пурчангу хок мешавад

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, то фардо, 13-уми сентябри соли 2023 бар асари тағйири обу ҳаво дар навоҳии марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҳавои пурчангу хок дар назар дошта шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, он ба қаламрави кишвар аз ноҳияҳои ҷанубу ғарбии ҳаммарз бо Тоҷикистон ворид гардида, чангхок метавонад боиси олудагии ҳаво бо ҳиссачаҳои андозаи 10 мкр (Рm- 10) ва 2,5 мкр (Рm-2,5) шавад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз хатари ин гуна ҳавои номусоид чанд тавсия додааст:

1. Бештар оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.

2. То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи моддаҳои муаллақи хатарнок ба нишаст ба замин мутамарказ мешаванд. Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин моддаҳои муаллақ боло мераванд. Ғайр аз ин шумо метавонед тирезаҳои худро бо дока ва ё тур бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна моддаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.

3. Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.

4. Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.

Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд, тавсия дода шудааст:

— дозаи доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;

— ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошед;

— агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *