«Тоҷик Эйр» парвозҳоро қатъ мекунад?

Ширкати миллии ҳавоии «Тоҷик Эйр» гуфт, ки муваққатан парвози ҳавопаймоҳо ба бархе самтҳоро бозмедорад.

Дар ин бора субҳи 2 январ хадамоти матбуоти ширкати ҳавоӣ изҳороте пахш кард.Дар изҳорот омадааст, ки «ширкати ҳавоӣ маҷбур шудааст бо далелҳои тиҷоратӣ ба ҷадвали парвозҳояш дар моҳи январи соли 2019 тағйирот ворид кунад».Ширкат тавассути матбуот ва ҳам колл-сентри худ ин хабарро ба мусофиронаш расонидааст.«Мо тамоми талошамонро ба харҷ медиҳем, ки дар наздиктарин фурсат ҳамаи парвозҳо барқарор шаванд», омадааст дар изҳороти матбуотӣ.Ширкати ҳавоӣ инчунин аз расонаҳои хабарӣ ва ҳам блогнависҳо даъват кардааст, ки «воҳима ва ширкатро ба анҷоми амалҳои ғайри қобили иҷро даъват накунанд».Ширкат аз ҳолати баамаломада аз мусофирон узр хоста изҳори умедворӣ кардааст, ки ин ҳолатро дуруст дарк хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *