“Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018” муайян шуд

Рӯзҳои 27-29 декабри соли гузашта озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018” баргузор гардид, ки дар он 5 нафар: Куканбекова Мунира – омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хоруғ, Ҳукумов Бахтовар – омӯзгори фанни математикаи литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар, Ҳайдаров Муродҷон – омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Шоева Дилбар – омӯзгори фанни таърихи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе ва Сафаров Ҷонибек – омӯзгори фанни технологияи иттилооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44-и ноҳияи Варзоб иштирок намуда, аз рӯйи 7 шарт ҳунару маҳорати худро санҷиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ, маросими ҷамъбастии озмун дар маҷлисгоҳи Вазорат бо иштироки Раҳматулло Мирбобоев – муовини якуми вазири маориф ва илм, Латофат Назирӣ – муовини вазири маориф ва илм, Р.Содиқзода-намояндаи Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм, аъзои кумитаи тадорукот, ҳакамон, рӯзноманигорон, иштироккунандагони озмун ва намояндагони соҳаи маориф аз шаҳру ноҳияҳои гуногун сурат гирифт.

Гуфта мешавад, Р.Мирбобоев дар бораи мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеаи имрӯза, рисолати ӯ  ва таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба омӯзгор сухан карда, сипас, Зиёратшоҳ Нарзуллозода – раиси ҳакамон, муовини сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм хулосаи ҳакамон ва фармоиши вазири маориф ва илмро дар бораи эълон шудани ғолиби озмун ва қадршиносии иштирокдорон қироат намуд.

Тибқи натиҷагирии аъзои ҳакамон Шоева Дилбар – омӯзгори фанни таърихи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе ғолиби озмун дониста шуда, “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018” эълон гардид. Ғолиби озмун бо мукофоти рамзӣ, мукофоти пулӣ бо маблағи 4000 сомонӣ ва нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” қадрдонӣ гардид.

Зикр мегардад, ки инчунин, тамоми иштирокчиёни озмун бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва туҳфаҳои рамзию молии таъсиснамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм қадрдонӣ шуданд.

 Бознашр аз «Asia-Plus»

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *