«ТОҶИК ЭЙР» парвозҳоро аз Душанбе ба Пекин оғоз менамояд
Ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» аз 27 феврал ба иҷрои хатсайри Душанбе- Пекин — Душанбе шурӯъ менамояд.
Дар ин бора котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев иттилоъ дода, зикр кард, ки васеъ гардидани хатсайри парвозҳои ширкати ватании «Тоҷик Эйр» барои рафтуомади сокинони мамлакат ба хориҷи кишвар ва ворид шудани шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат мекунад.
Дар маросими кушодашавии хатсайри нав директори генералии ширкати «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов иброз дошт, ки ифтитоҳи хатсайри мазкур ба сокинони Тоҷикистон ва Хитой имкон медиҳад, ки рафту омади худро дар ду самт осонтар кунанд. Бо кушода шудани хайтсайри нав муносибатҳои халқҳои ду кишвар боз ҳам наздиктар мешаванд.
Парвозҳо аз Душанбе ба Пекин рӯзҳои душанбе соати 16:40, тариқи ҳавопаймои Боинг 757 200 сурат мегиранд ва аз Пекин ба Душанбе рӯзҳои сешанбе соати 3:30 шабона до вақти Пекин анҷом меёбанд. Вақти расидан ба Душанбе 07:10. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Пекин 5 соат 30 дақиқа. Давомнокии парвози хатсайри Пекин Душанбе 6 соат 40 дақиқа. Арзиши чипта дар ду самт 1 748 сомонӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ