Духтури пойтахт бо ришва ба даст афтод
Марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе, духтури яке аз таваллудхонаҳои пойтахт бо гумони гирифтани пора дастгир гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд, дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбаршуда 16 феврали соли равон аз бемор, зани 23-солаи сокини шаҳри Душанбе барои ҷарроҳӣ 5 ҳазору 600 сомонӣ маблағро ҳамчун пора талаб кардааст. «Дар вақти гирифтани маблағи мазкур дар назди бинои баландошёнаи «Душанбе-Плаза», гумонбаршуда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд» ,-хабар доданд аз Вазорати корҳои дохилӣ.
Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Шарҳ