Тоҷикбача аз Сурия гурехту…

Ҷавони 24-солаи тоҷик-Абӯсамӣ, ки аз чанги “Давлати исломӣ” халос хӯрда, ба Маскав баргаштааст, аз тарси таъқиби мақомот наметавонад ба Тоҷикистон баргардад. Абдусамӣ 24 сол дошта, ӯро бо ваъдаи кор дар сохтмон аз Русия ба Туркия бурдаанд, аммо дар ҷое, ки бояд кор мекард, тоҷикбачаро силоҳбадастон пешвоз гирифта гуфтанд, ки ӯ аллакай марзи Сурияро убур намудааст. Абдусамӣ тавонист аз дасти силоҳдорон фирор намуда ба Маскав баргардад, вале акнун дар байни обу оташ мондааст: Аз як тараф, аз интиқоми онҳое метарсад, ки ӯро бо фиреб ба Сурия бурданд, аз тарафи дигар, ҳарос дорад, ки агар ӯро ҳамчун террорист дастгир намоянд, шояд бегуноҳиашро исбот карда натавониста, солҳои беҳтарини умрашро дар пушти панҷараи маҳбас сипарӣ созад.

Ба ақидаи Баҳром Ҳамроев, раҳбари созмони кӯмак ба муҳоҷирон  “Помощь” Абӯсамӣ бояд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намояд. Ҳамроев мегӯяд: “Ман қазияи ин ҷавонро омӯхтам. Ӯро дар воқеъ фиреб додаанд. Гуфтаанд, ки коркунӣ мебаранд, вале дар асл ӯ ба маҳалли ҷанг афтодааст.”

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, беш аз 600 нафар аз кишвар ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Аксари ҷангҷӯёни тоҷик ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ба сафи гурӯҳҳои тундрав ҷалб шудаанд. Соли гузашта барои он ҷангҷӯёне, ки ихтиёран ба Ватан бармегарданд, ваъдаи афв дода шуда буд. Ба гуфти Рамазон Раҳимзода, вазири дохилаи Тоҷикистон, то имрӯз ҳудуди 50 нафар бо истифода аз афв аз Сурияву Ироқ ба Тоҷикистон баргашта, имрӯз ҳаёти осоишта доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *