Куштори бераҳмонаи ҷавони тоҷик дар Петербург

Пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия хабар дод, ки як шаҳрванди 17-солаи Тоҷикистон шаби гузашта дар натиҷаи ҳамлаи як гурӯҳ наврасони миллатгаро кушта шудааст. Пулис  аллакай 4 гумонбар дар ин ҳамларо, ки аз 15 то 18 сол доранд, дастгир намудааст. Шаҳрванди 17-солаи Тоҷикистон бо зарби корд кушта шудааст. Нашрияҳои маҳаллӣ менависанд, ки ҷасади ин муҳоҷирро шаби гузашта дар назди як мағозаи шабонарӯзӣ дар кӯчаи Ленскаяи ноҳияи Красногвардейский пайдо кардаанд. Ҷавони кушташуда дар хиёбони Косигин зиндагӣ мекардааст ва қарибиҳои соати 12-и шаб барои харид ба мағоза омадааст. Дар назди мағоза байни ӯ ва як гурӯҳи наврасони маҳаллӣ муноқиша мехезад ва онҳо ҷавони тоҷикро чанд корд зада, ду ангушташро мебуранд. Роҳгузарон ҷавони захмиро ба беморхона бурда бошанд ҳам, талошҳои табибони рус барои наҷот доданаш аз панҷаи марг натиҷа надоданд. Ҷавони ғарқи хун дар рӯйи мизи ҷарроҳӣ ҷон ба ҷонофарин супурдааст.

Пулиси Петербург мегӯяд, дар як муддати кӯтоҳ бо гумони даст доштан дар ин куштор се навраси аз 16 то 18-сола ва як духтари 15-соларо дастгир кардаанд. Ҳамаи онҳо дар ҳолати сархушӣ қарор дошта, аз боздоштшудагон як мачете ва чанд битаву корд мусодира карда шудааст.

Руслан Марк, кордори консулгарии Тоҷикистон дар Петербург мегӯяд, ҳанӯз аз сӯи мақомоти пулиси шаҳр дар бораи ҳалокати ин шаҳрванди Тоҷикистон маълумоти расмие ба дасти онҳо нарасидааст:Мо одатан чунин маълумотро аз ҷамъияти тоҷикон ё аз хешовандони нафари осебдида мегирем. То ҳол касе бо чунин маълумот ба мо муроҷиат накардааст. Мо ҳоло аз тариқи Вазорати корҳои хориҷӣ ба мақомоти Русия дархости расмӣ хоҳем дод, то ҷузъиёти ин ҳодисаро ба мо хабар диҳанд ва шахсияти тоҷики кушташударо маълум созанд».

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

8 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *