Тоҷикбача сержанти русро мурдакӯб кард
Як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон дар Маскав бо иттиҳоми латукӯби як сержанти пулис дастгир шудааст. Гуфта мешавад, муҳоҷири тоҷик ба рӯй, гӯши рост, китф ва дасти корманди пулис осеби ҷисмонӣ расондааст. Сабаби чунин вокуниши ҷавони тоҷик рӯшан нест. Эҳтимол меравад, ки кормандони пулис ҷавони тоҷикро сахт таҳқир кардаанд, ки ӯ аз ҷонаш сер шуда, ба сари онҳо даст бардоштааст.
Шабакаи телевизионии «360” рӯзи 19 октябр аз қавли манбааш дар мақомоти интизомии шаҳри Маскав хабар дод, ки як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро дар ғарби пойтахти Русия бо иттиҳоми латукӯби афсари пулис дастгир кардаанд.
Манбаи «360” гуфтааст, ки муҳоҷири тоҷикро шоми 18 октябр дар кӯчаи 2-я Рейсовая барои тафтиши ҳуҷҷатҳояш манъ кардаанд. Кормандони пулис гуфтаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ба амри онҳо итоат накард ва вақте хостанд боздошташ кунанд, бо мушт ба онҳо ҳамла овард.
Дар ҷараёни муноқиша муҳоҷири тоҷик ба рӯи сержанти 28-солаи пулис чанд мушти обдор задааст. Ин сержант маҷбур шудааст ба бемористон муроҷиат кунад. Табибон рӯи харошида ва осебҳои бардоштаи сержант аз гӯши рост, китф ва дасташро дармон карда, ӯро ҷавоб додаанд.
Сабаби чунин вокуниши тунди муҳоҷири тоҷик рӯшан нест. Кормандони пулис исрор меварзанд, ки ӯ ба амри онҳо итоат накард ва худаш аввал ба занозанӣ сар кард.
Аммо инки дар робита ба ин ҳодиса пулис санҷиши хидматиро оғоз кардааст, нишон медиҳад, ки асли қазия на ба гунаест, ки кормандони пулис мехоҳанд тасвир кунанд. Худи ин ки як муҳоҷири танҳо чӣ гуна метавонист ду корманди ҳузарби пулисро латукӯб кунад, суолбарангез аст. Эҳтимол меравад, ки кормандони пулис ҷавони тоҷикро сахт таҳқир кардаанд, ки ӯ аз ҷонаш сер шуда, ба сари онҳо даст бардоштааст.
Муҳоҷирони тоҷик аз бархӯрди бади кормандони пулиси Русия, бахусус пулиси Маскав нисбат ба муҳоҷирон зиёд шикоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки кормандони пулис ҳангоми боздошт ва тафтиши асноди муҳоҷирони тоҷик онҳоро бе ягон асос таҳқиру дашном мекунанд, шарафи инсониашонро паст мезананд ва ришва талаб мекунанд.
Се ҳафта пеш – рӯзи 28 сентябр додгоҳи вилояти Свердловски Русия Б., старшинаи собиқи пулиси шаҳри Берёзовский, воқеъ дар канори шаҳри Екатеринбургро бо ҷурми берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ бо истифода аз силоҳ бар асоси қисми сеюми моддаи 286-уми Кодекси ҷиноятии Русия ба 4 соли зиндони ниҳомаш умумӣ маҳкум кард. Ба гуфтаи додгоҳ, кормандони пулиси шаҳри Берёзовский дар ҳолатии мастӣ Ш. ном як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистонро шаби 1 июл дар истгоҳи Максим Горкий дастгир кардаанд. Сабаби боздошти муҳоҷири тоҷик маълум нест, вале кормандони пулис хостаанд, ки бо вай як каме «дилхушӣ” кунанд.
Онҳо шаҳрванди тоҷикро ба «мишень” ё- ҳадафи зинда табдил дода, маҳорати тирпарронии худ аз пистолети травматикиро дар бадани вай машқ кардаанд. Афсарони пулис дунбаи муҳоҷирро чӯт мегирифтанд, вале тири якеи онҳо хато рафта, ба сари ӯ задааст.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1987 ба бемористон муроҷиат кардааст. Ташхиси табибон нишон дод, ки ӯ аз ноҳияи сараш захми тир бардошта, мағзи сараш низ ҷумбидааст. Маъмурияти бемористон бар асоси қонун дар бораи ин ҳодиса ба пулис хабар дод ва ба зидди афсаре, ки бо муҳоҷири тоҷик чунин «дилхушӣ” кардааст, парванда кушоданд.
Б. дар ҷараёни мурофиа гуфтааст, ки қасди осеб расондан ба муҳоҷири тоҷикро надошт, балки … шӯхӣ карданӣ буд. Ӯ гуфтааст, ки дар қатори дигар кормандони пулис вай ҳам аз пистолети травматикӣ дунбаи шаҳрванди Тоҷикистонро чӯт гирифт, вале тираш хато рафта, ба сари ин муҳоҷир расид.
Расонаҳои маҳаллӣ гуфтанд, ки Б. мебоист ба нафақа мебаромад ва он шаб кормандони пулис муҳоҷири тоҷикро ба зиёфати хайрбодии ӯ ҳамчун «тӯҳфа ба соҳибҷашн” оварда, гуфтаанд, ки дар охирин соатҳои кораш дар пулис бо ин каме «дилхушӣ” кунад.
Дар баҳсҳои интернетӣ як нафар, ки худро шоҳиди айнии ҳодисаи шаби 1 июл муаррифӣ кардааст, менависад, ки он шаб кормандони пулиси Берёзовский дар зиёфат ба муносибати ба нафақа рафтани яке аз ҳамкоронаш нишаста буданд ва ҳама сархуш буданд.
Дар ҳамин асно, як ҳайъати ППС муҳоҷири тоҷикеро, ки аз кӯча дастгир карда буд, ба шӯъба оварда, ба соҳибҷашн «тӯҳфа” кардааст. Сипас ҳамагӣ дар ҳолати сархушӣ қарор кардаанд, ки дунбаи ин муҳоҷирро чӯт гирифта, маҳорати тирпарронии худро бисанҷанд.
Мақомоти раёсати корҳои дохилии вилояти Свердловск қаблан гуфта буданд, афсаре ки муҳоҷири тоҷикро паррондааст, ду рӯз пеш аз ин ҳодиса – 29 июн – расман ба нафақа баромада буд. Вале бисёриҳо инро як навъ талоши ҳифзи обрӯи пулис мешуморанд ва мегӯянд, дар сохторҳои интизомии кишварҳои пасошӯравӣ ин як амри маъмул шудааст, ки корманди бо иттиҳоме дастгиршударо бо ягон таърихи пештар аз кор ҷавоб медиҳанд, то парвандааш ба номи он идора доғи иснод наорад.
Аз тарафи дигар, дар синни 37 ба нафақа рафтани ин афсар суолҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад ва суоле низ бармехезад, ки агар ӯ алакай ба нафақа рафта буд, дар он поси шаб чигуна метавонист муҳоҷиронро «шикор” кунад?
Як корманди собиқи пулис навиштааст, ки дар пулиси Русия анъанае вуҷуд дорад, ки ба афсари мустаъфӣ қабл аз тарки кор барои «шикори охирин” имкон медиҳанд. Ин афсари 37-сола, ки он шаби охирини кораш буд, низ ба «шикори охирин” баромадааст ва аз қазо «сайд”-аш он муҳоҷири бечораи тоҷик шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ