Ҳонӣ Муҳаммадӣ — Эрон

Чашмонат

Кош ҳеҷ панҷарае,

Туро ба хиёбон нишон намедод.

Метарсам аз ҳасодати маъшуқаҳое,

Ки ҳар шаб,

Бо хотираи чашмҳои ту,

Бӯсида мешаванд.

***

Бепоён  

Меравй,

Ва то субҳ борон меборад.

Бе он ки ҳатто,

Як ваҷаб аз хиёбон хис шавад!

Ва ин,

Оғоз шоиронагии занест,

Ки ошиқонаҳояш,

Аз чашмҳояш об мехўрад.

***

Бӯии танат

Панҷараҳоро мебандам,

Мабодо утоқ,

«Бӯйи танатро ба бод бидиҳад».

Ва финҷон ба даст,

Ба мӯрчаҳое нигоҳ мекунам,

Ки  давр то даври пойи ту ҳалқа задаанд.

Онҳо ҳам мисли ман мунтазиранд,

«Биханд»,

То ширинтарин иттифоқи дунё,

Аз гӯшаи лабҳоят биафтад…

***

Овоза

Ҳоло, ки ту ҳастию ман,

Ба ин фикр мекунам, ки бидуни мо,

Чӣ чиз аз ҷаҳон кам мешавад.

На гуле,

На паррандае,

Ва на дарахте.

Фақат,

Дӯстат дорамҳое, ки

Метавонист фардо субҳ,

Шаҳреро аз хоб бедор кунад…

***

Моҳ  

Моҳ,

Дар оғўши ангўрҳо хобида,

Бешак,

Тамоми тобистон,

Аз соқи токҳо,

Шароби чакка хоҳад хўрд…

***

 Набуданат  

Ҳар шаб,

Набуданатро ба оғӯш мекашам.

Ва ҳар субҳ,

Хотираи хисро овезон мекунам.

Ашкҳоям, ки хушк шавад,

Бӯйи дилтанагӣ баланд мешавад.

Ва танҳоӣ,

Шабеҳи марде, ки ба онҳо гира мезанад,

Мабодо,

Фаромӯшӣ бивазад.

هانی محمدی — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *