Тоҷикдухтар Miss Nations ofthe World -2017 шуд (аксҳо)

Зодаи Тоҷикистон Шаҳноз Эроншо дар озмуни зебосанамҳои ҷаҳон — Miss Nations ofthe World 2017 – дар шаҳри Солт Лейк Ситии Амрико сазовори ҷои сеюм шуд. Шаҳноз мегӯяд, намояндагӣ аз Тоҷикистони дӯстдоштааш дар ин сабқати зебоӣ барояш як ифтихор буд.

Зодаи Тоҷикистон Шаҳноз Эроншо, ки 25 сол дорад, дар озмуни зебосанамҳои ҷаҳон — Miss Nations ofthe World 2017 – соҳиби ҷои сеюм шуд. Ин озмун, ки бо номи Бонуи Милали Муттаҳид низ машҳур аст, шаби гузашта дар шаҳри Солт Лейк Ситии Амрико ҷамъбаст шуд.

                         

Ҷои аввалро дар ин сабқат намояндаи Ямайка ва ҷои дуюмро намояндаи Кения ба даст оварданд. Ҷои сеюм насиби гулдухтарон аз Ҳонгконгу Русия ва Шаҳноз Эроншо аз Тоҷикистон шуд.

Шаҳноз Эроншо дар Miss Nations ofthe World 2017 бо як рӯймоли калони рангҳояш шабеҳи рангҳои парчами миллии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кард.

Шаҳноҳ Эроншо дар саҳифааш дар Инстаграм навишт: «Намояндагӣ аз Тоҷикистони дӯстдоштаам дар озмуни Miss Nations of the World 2017, ки номи расмиаш Miss United Nations USA аст, хеле ифтихоровар буд. Ман дар ин сабқат ҷои сеюмро гирифтам ва бо як идда занони қавӣ, оқил ва зебо шинос шудам.”

Шаҳноз Эроншо соли гузашта низ дар ин озмун сазовори ҷоиза барои беҳтарин либоси миллӣ шуда буд.

                        

Шаҳноз Эроншо соли 1992 дар Душанбе ба дунё омада, ҳанӯз ду сол дошт, ки волидонаш ба Русия кӯчиданд. Баъди ба балоғат расидан Шаҳноз барои таҳсил ба Амрико рафт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *