Бепул мондани банкоматҳои «Ориёнбонк»

Банкоматҳои «Ориёнбонк» ба далели «фаннӣ» барои муддате аз кор бозмондаанд. Абдурасул Набиев, намояндаи ин бонки тиҷоратӣ дар пайи шикоятҳои муштариёни ин бонк гуфтааст, ки рӯзҳои истироҳат «воқеан банкоматҳои «Ориёнбонк» бепул мондаанд ва субҳи имрӯз ба ҳамаи банкоматҳо пули нақд расонида шуд. Аммо ба сабабҳои техникӣ то ҳол ин банкоматҳо фаъол карда нашудаанд ва интизор меравад давоми рӯз ин мушкили фаннӣ бартараф хоҳад шуд».

Ҷаноби Набиев гуфтааст, ки «сабабе барои нигаронӣ вуҷуд надорад ва шукрона вазъи молии бонки мо хуб аст».

Ин дар ҳолест, ки дар ду соли ахир чанд бонки умдаи Тоҷикистон назири «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва «Фононбонк» дучори мушкили молӣ шуда буданд ва дар оғоз ба шикояти муштариёни худ посухҳои мушобеҳ медоданд.

Ёдовар мешавем, ки «Ориёнбонк» низ аз бонкҳои аслии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва раҳбарии онро Ҳасан Асадуллозода, аз хешовандони наздики раиси ҷумҳури Тоҷикистон бар ӯҳда дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *